28 Июн 2025 - 11:33
Source: ABNA
Шамхонӣ: Фардо фақат ташйиъ нест, байъат бо оянда аст

Алӣ Шамхонӣ дар остонаи ташйии шаҳидони таҷовузи режими саҳюнистӣ, ба азму иродаи миллати Эрон ишора кард ва гуфт, ки душманон натавонистанд иқтидори кишварро тазъиф кунанд. Ӯ ин маросимро байъате бо оянда ва нишонае аз зинда мондани рӯҳи муқовамат донист.

Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳлибайт(а) ـ Абна ـ Алӣ Шамхонӣ дар остонаи ташйии таърихии фармондеҳон ва шаҳидони таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Эрон дар Твиттер навишт:

Омаданд то ақлро террор кунанд ва иқтидорро фурӯ резанд; Аммо саҳаргоҳе, ки бо гулула оғоз шуд, бо илтимоси оташбас ба поён расид. Эрон истода посух дод, бо хашм, бо азм, бо сарбозоне, ки чун Алӣ(а) зиреҳи бепушт пӯшиданд. Фардо, фақат ташйиъ нест; байъат бо оянда аст. Аз ҳар қатра хун, ҳазор фармондеҳ бар мехезад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha